Тоҷикистон бо ҳамсоягонаш ихтилофи марзӣ надорад
Раиси Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории Тоҷикистон эълом кард, ки миёни ин ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя ҳеҷ ихтилофе бар сари манотиқи марзӣ вуҷуд надорад.
Ба гузориши сайти “СА-нюс”, Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти хабарии ахир худ дар Душанбе таъкид кардааст, ки барои аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, Узбакистон, Чин ва Қирғизистон мушкиле вуҷуд надорад ва танҳо мабоҳиси фаннӣ музокирот бо бархе аз кишварҳоро бар сари ин мавзӯъ ба дарозо кашондааст.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, Тоҷикистон бо Чин 494 ҳазору 400 километр марзи муштарак дорад ва тавофуқномаи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар солҳои 2010 ва 2011 ба тасвиб расидааст.
Раиси Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба ҳазору 336 километр марзи муштараки ин кишвар бо Узбакистон афзуд, то кунун ҳазору 104 километр аз ин марз аломатгузорӣ шудааст.
Аҳмадзода ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои 987 километр марзи муштарак ҳастанд, ки 519 километри он мушаххас шудааст ва музокирот барои ниҳоӣ шудани ин тавофуқнома идома дорад.
Вай марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро низ ҳазору 344 километр эълом кард ва афзуд, ҳазору 135 километр аз ин марз обӣ аст ва бар асоси паҳнои рӯдхонаи Омӯ аломатгузорӣ шуда ва 189 километри боқимонда дар манотиқи кӯҳистонӣ воқеъ шудааст.