Боздошти 6 нафар ба иттиҳоми низои гурӯҳӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 6 ҷавони 19- сола ба иттиҳоми мушорикат дар низои гурӯҳӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар ин даргирӣ як нафар ба шиддат маҷрӯҳ ва ба бемористон мунтақил шудааст.
Алайҳи 6 ҷавони боздоштшуда ба иттиҳоми мушорикат дар низои ҷамът ва авбошӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Ин дуввумин маврид аз низои гурӯҳӣ дар шаҳри Душанбе дар соли ҷадид аст, ки бо мушорикати ҷавонони бекор иттифоқ меафтад.
Дар нахустин маврид аз ин навъ ҳаводис, ки саввуми январ бар асари даргирӣ байни донишомӯзони се мадрасаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар минтақаи 103-юм ва дар як маркази хадамоти интернетӣ рӯй дод, 2 нафар кушта шуданд.
Аммо мақомоти идораи омӯзиш ва парвариши шаҳри Душанбе иллати ин низоъро ангезаҳои маҳалгароӣ унвон кардаанд.
Аз сӯйи дигар, дар моҳи июни соли гузашта ҳам дар як даъвои ҷамъӣ байни гурӯҳе аз донишомӯзони шаҳри Душанбе 4 нафар захмӣ ва 7 донишомӯз дастгир шуданд.
Дар моҳи октябри соли 2016 низ дар яке аз мадрасаҳои шаҳри Душанбе миёни 4 нафар аз донишомӯзон даргирӣ рух дод, ки ба захмӣ шудани яке аз онон мунҷар шуд.
Абдураҳим Камолов, коршинос умури иҷтимоӣ дар Тоҷикистон иллати вуқӯи ин ҳодисаҳоро бекорӣ медонад.