Кор дар шаҳрдории Душанбе шабонарӯзӣ мешавад
Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷадиди шаҳри Душанбе дастур додааст, то дар ин ниҳод дар фасли замистон барои бартараф кардани саривақтии мушкилоти шаҳрвандон, ҷадвали навбатдории шабонарӯзӣ барқарор шавад.
Ба гузориши расонаҳои тоҷикӣ, тибқи дастури Рустам Эмомалӣ аз 18 январи имсол, ҷадвали навбатдории мақомҳо дар моҳҳои январ ва феврал оғоз ва аз мудирони шӯъбаҳои ноҳияҳо, то муовини аввали шаҳрдори Душанберо шомил мешавад.
Шаҳрдори Душанбе ҳадаф аз ин иқдомро таъмин фаъолияти муназзами бахшҳои муҳимми шаҳр, вокуниши фаврии раисон, мақомот ва осон шудани ҳалли ба мавқеъи мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон эълом кардааст.
Рустами Эмомалӣ масъулияти назорат бар иҷрои ин дастурро ба ӯҳда Саидзода Тоҷиддин Ниёз -раиси дастгоҳи шаҳрдории Душанбе гузоштааст.