Январ 20, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
  • Размоиши низомиёни руси мустақар дар Тоҷикистон

Артиши Русия рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои артиши ин кишвар, мустақар дар пойгоҳи низомии Тоҷикистон размоиши мубориза бо терроризмро баргузор карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, низомиёни руси мустақар дар Тоҷикистон дар ин размоиш яке аз таъсисоти низомии душмани фарзиро муҳосира карданду зимни поксозии минтақа аз минаҳои инфиҷорӣ, чандин террористи фарзиро аз байн бурданд.

Ин размоиш бар суръат дар мароҳили тасмимгириву ҳамоҳангӣ дар фаъолияти нерӯҳо бо ҳадафи муҳосираи душмани фарзӣ ва амалиёти минарӯбиву поксозӣ дар ин таъсисот нигаронида шуда буд.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маҳалли таҷаммуи бузургтарин нерӯи заминии ин кишвар дар хориҷ аз Русия ба шумор меравад.

Тавофуқи низомии Маскаву Душанбе барои идомаи ҳузури низомиёни рус дар ин ҷумҳурӣ то соли 2042 эътибор дорад.