Январ 21, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркманистон

Сафири Туркаманстан дар Душанбе аз баргузории иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин кишвар ва Тоҷикистон дар авохири моҳи январи ҷорӣ, дар Ашқобод хабар дод.

     Ба гузориши сойти Топ Тҷ, Эшонқул Амонлиев ин матлабро тайи нишасти хабарии ахири хеш дар Душанбе иброз кард.

    Ба гуфтаи сафири Туркаманстан дар Душанбе, дар ин нишаст роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар бахшҳои мухталиф баҳсу табодули назар хоҳад шуд. Амонлиев таъкид кардааст, ки дар ҷараёни баргузории иҷлоси ин комиссия дар Ашқобод мавзуи далоили коҳиши мизони муомилоти тиҷорӣ миёни ин ду кишвар, тайи солҳои ахир мавриди баррасӣ қарор мегирад.

   Аз дидгоҳи вай яке аз авомили коҳиши мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркманистон дар солҳои ахир, мушкилоти ҳамлу нақл мебошад, ки бояд ду тараф барои хурӯҷ аз ин шароит иқдом кунанд. Вай муътақид аст, ки бо такмили роҳи оҳани минтақаии Туркманистон Афғонистон ва Тоҷикистон заминам густаришм ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин се кишвар ва боз шудани роҳи вуруди маҳсулот ба бозорҳои ҷадиди осиёӣ ҳамвор хоҳад шуд. Туркманистон бахше аз ин роҳи оҳанро то дохили қаламрави Афғонистон такмил кардааст ва акнун Кобул ва Душанбе ба думболи пайдо кардани манобеи молӣ, барои идомаи сохти ин масир дар қаламрави хеш ҳастанд.

  Ҳарчанд, ки мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ва Туркманистон барсари макони иттисоли ин масир дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳам ихтилофи назар доранд.

 

 

Барчасп