Январ 21, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон барои сабти ҷаҳонии атлас, чакан ва чавгон

Тоҷикистон аз ЮНЕСКО хостааст, ки гулдӯзии чакан, бозии қадимии чавгон ва матои атласро дар “Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ”-и ин созмон сабт кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, “ин пешниҳод дар комиссияи ЮНЕСКО дар ҳоли баррасӣ аст ва мо умедворем, ки пазируфта мешавад”. Вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид кард, Тоҷикистон арзишҳои таърихию фарҳангии зиёде дорад ва метавонад ҳар сол чунин пешниҳодҳоро ба ЮНЕСКО ироа кунад.

Чакан як навъ гулдӯзии миллии тоҷикон аст, ки барои зебоии либосҳои занон истифода мешавад. Матои атлас низ, ки аз абрешим таҳия мешавад, дар Тоҷикистон машҳур аст. Занону духтарони тоҷик либосҳои атлас ва чаканро бештар дар айёми Иди Наврӯз мепӯшанд. Бозии чавгон низ аз бозиҳои суннатӣ дар Эрон ва бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аст, ки дар айёми Наврӯз дар баъзе манотиқи ин кишвар баргузор мешавад.

Ҷашни Наврӯз ба унвони парвандаи муштараки байни 12 кишвар, Эрон, Ҳинд, Покистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Ироқ ва Туркманистон 30 ноябри соли 2016 дар “Феҳрасти мероси маънавии башар”-и ЮНЕСКО сабт шуд.

 

Барчасп