Январ 21, 2017 13:11 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ

Раиси парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар садри ҳайате ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад.

Ба гузориши дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуровро дар ин сафар Олим Салимзода, Абдураҳим Холиқзода, Ҷӯрахон Маҷидзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Олимҷон Сафаров ва Дилшод Исматуллоев, намояндагони парлумони ин кишвар ҳамроҳӣ мекунанд. Дар сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ, ки бо даъвати раиси парлумони ин кишвар то 27 январ идома хоҳад дошт, Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ, муовини аввали раиси Шӯрои вазирони ин кишвар, раиси Сандуқи Саудии Рушд ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар дидор хоҳад кард. Ҳамчунин қарор аст, Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳонаш дар ин сафар аз марказҳои фарҳангию таърихии Арабистони Саудӣ дидан кунанд.

Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ аз 22 феврали соли 1992 оғоз шудааст ва дар 22 январи соли 2010 сафорати Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ ба кор кард.

 

Барчасп