Январ 22, 2017 10:44 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши теъдоди довталабон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Раиси танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз коҳиши ду баробарии довталабони омӯзиши улуми исломӣ дар ин марказ хабар дод.

Ба гузориши сойти Азия плюс, Тоҷиддин Асомуддинзода гуфтааст, ки дар соли таҳсилии 2016 ба ҷои 308 нафар донишҷӯ, танҳо 197 тан вориди Донишкадаи исломии Тоҷикистон шудаанд, ки дар муқоиса бо соли қабл коҳиши наздик ба 40 дарсадиро нишон медиҳад.

Аз ин теъдод 102 нафар бо пардохти ҳазинаи омӯзишӣ аз ҳисоби хеш ва бақия бидуни пардохти маблағ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон машғули фарогирии улуми исломӣ мебошанд. Аммо вай дар бораи далоили коҳиши довталабони вуруд ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон тавзеҳ надод.

Ба гуфтаи Асомуддинзода аз миёни донишҷӯёни ин маркази омӯзиши исломӣ, ҳатто як маврид ҳам ба Сурия ва Ироқ рафтан ва пайвастани ин афрод ба гурӯҳҳои террористӣ сабт нашудааст. Вай таъкид кардааст, ки гароиши донишҷуёни ин маркази омӯзишӣ ба фирқаи салафия низ беасос мебошад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон бо ҷамъияти беш аз 8 миллиону 500 ҳазор нафар, ки наздик ба 99 дарсад мусулмон мебошанд, танҳо як Донишкадаи исломӣ фаъолият мекунад. Мақомоти Кумита давлатии умури динӣ дар соли гузашта (2016) иқдом ба таътилии фаъолияти 6 мадрасаи мутавасситаи исломӣ карданд ва акнун дар ин кишвар барои дар ҳеҷ ҷое имкони омӯзишҳои аввалияи улуми исломӣ вуҷуд надорад.

 

Барчасп