Январ 22, 2017 11:52 Asia/Dushanbe
  • Иртибот бо ДИИШ ду сокини Душанберо равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ахиран ду сокини пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи террористии ДИИШ ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сойти дафтар матбуотии Додситони кулли Тоҷикистон, шаҳрванд М. Асроров дар соли 2015 ҳини ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир бо истифода аз шабакаҳои интернитии “Ватсап, Вайбер ва Телеграм” бо теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия иртибот барқарор кардааст.

Вай бо ибрози омодагӣ барои рафтан ба Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ талош кардааст, ки ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Русияро низ ба сафи ин созмон ҷазб кунад.

Дар мавриди дуввуми  А. Мирзоев,  шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз моҳи декабри соли 2015 дар Русия ба унвони коргари муҳоҷири фаъоият мекард, аз тариқи интернет бо бародари хеш, ки узви ДИИШ буда ва дар Сурия, дар таркиби гурӯҳи террористӣ ҳузур дошт, иртибот барқарор мекунад.

Вай ба дархости бародараш маблағи 800 долларро аз тариқи бонк барои кӯмак ба гурӯҳи террористии ДИИШ мунтақил кардааст. Ба далели узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 мамнӯъ мебошад, ин ду шаҳрванди ин ҷумҳурӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Аммо дар ин хабар ба муддати маҳкумияти ин ду нафар ишорае нашудааст.

 

Барчасп