Январ 23, 2017 11:46 Asia/Dushanbe
  • Хонаводаи тоҷикистонӣ қурбонии фиреби ДИИШ

9 узви як хонаводаи тоҷикистонӣ аз сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд қурбонии фиреби мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ шуда ва ба Сурия рафтаанд, ки аз сарнавишти онон иттилои дақиқе дар даст нест.

Ба иттилои сайти нашрияи қазоқистонии Корвон‌саро, 9 нафар аз аъзои хонаводаи Ҳамза Турабеков, сокини 48 солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия рафтаанд.

Пеш аз ин Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо интишори аксҳое аз се бародару хоҳар аз аъзои ин хонавода аз пайгарди қазоии ин чаҳор фарзанди Ҳамза Турабеков хабар дода буд, аммо Зариф Шарифов, аз масъулони ҳукумати маҳаллӣ таъкид кардааст, ки 9 узви ин хонавода ба шумули модар, чаҳор фарзанд, арусҳову наваҳои онон, ки акнун дар Сурия ҳузур доранд, таҳти пайгарди қазоӣ ҳастанд.

Ҳамза Турабеков, падари ин хонавода гуфтааст, ки қаблан фарзандонаш таҳти таблиғоти гурӯҳи ифротии Ҳизби таҳрир қарор доштанд ва пас аз он замоне, ки ӯ давраи маҳкумияти худро дар зиндон ба ҷурми тасодуфи ронандагӣ ме‌гузаронд, бо таблиғоти бастагонашон ба Узбакистон ва аз ин кишвар ба Сурия рафтаанд.

Дар ҳоли ҳозир бар асоси бархе хабарҳо, ду фарзанди писари ин хонавода дар даргириҳои Сурия кушта шудаанд, аммо Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон барои мушаххас кардани сарнавишти ин хонавода ба талош  идома медиҳад.

Мақомоти интизомии вилояти Суғд мегӯянд, ки 494 нафар аз сокинони шимоли Тоҷикистон бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурияву Ироқ рафтаанд, ки 36 тан аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, 68 нафар аз ин афрод аъзои хонаводаҳои хешро низ ба Сурия бурдаанд.