Сармоягузории Бонки тавсеаи исломӣ дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон
(last modified Wed, 03 Aug 2016 13:31:11 GMT )
Август 03, 2016 18:31 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Бонки тавсеаи исломӣ дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон

Тоҷикистон бо Бонки тавсеаи исломӣ барои сармоягузорӣ дар чанд тарҳи иқтисодии ин кишвар ба тавофуқ расид.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавофуқи ҳукумати ин кишвар бо раёсати Бонки тавсеаи исломӣ барои сармоягузорӣ дар 9 тарҳи мухталифи иқтисодӣ дар солҳои 2016 то 2018 хабар дод.

Ин тавофуқот дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Индонезия ба манзури ширкат дар дувоздаҳумин нишасти Анҷумани умумии ҷаҳонии иқтисоди исломӣ ва мулоқоти вай бо Аҳмад Муҳаммадалӣ, раиси Бонки тавсеаи исломӣ сурат гирифтааст.

Раҳмон дар ин дидор иҷрои тарҳҳои мухталифи Бонки тавсеаи исломӣ дар Тоҷикистон дар арсаҳои омӯзиш ва парвариш, беҳдошт, энержӣ, ҳамлу нақл ва обёриро гоми муҳиме барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба унвон кард.

Бар асоси ин гузориш, Раҳмон ҳамчунин бо Наҷиб Тун Абдураззоқ, нахуствазири Малайзия дидор ва дурнамои тавсеаи равобити байни ду кишварро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 31 июн дар садри як ҳайати расмӣ барои ширкат дар дувоздаҳумин Анҷумани умумии ҷаҳонии иқтисоди исломӣ вориди Ҷакарта, пойтахт Индонезия шуд.