Истиқрори дидбонии шабона дар марзи Исфара ва Ботканд
Дар пайи муноқишаи шоми 22-уми январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, 100 пулис дар минтақаи даргирӣ мустақар шудаанд.
Ба гузориши сойти Ахбор, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи муноқишаи сокинони навоҳии назди марзии Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон, ду адад худрав, ки яке ба аҳолии рустои Кӯктоши Қирғизистон ва дуввумӣ ба яке аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон тааллуқ дошта, тахриб шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти қирқиз, дар муноқишаи шоми якшанбе (22 январ) ҳамчунин гузоришҳое аз шикастани шишаи панҷараҳои ду хона дарёфт шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон мегӯянд, ҳамакнун авзоъ дар марзи миёни шаҳристонҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ором шуда ва ҳудуди 100 нафар аз мақомоти пулис ва марзбонии ду кишвар бар авзои ин бахш аз марз назорат мекунанд.
Ба гуфтаи ин мақомот, нерӯҳои пулис ва марзбонии ду кишвар миёни рустои Кӯктоши Қирғизистон ва Сомониёни Тоҷикистон дидбонии доимӣ барқарор кардаанд.
Бо гузашти 25 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ раванди таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол ба поён нарасидааст. Аз 970 километр марзи байни ду кишвар то имрӯз ҳудуди 520 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Ин масъала, даргириҳои гоҳ -гоҳи аҳолиро дар минтақаҳои назди марзии ду кишвар сабаб мешавад.