Январ 23, 2017 20:23 Asia/Dushanbe
  • Ихтисори кормандони бонкӣ дар Тоҷикистон

“Агроинвестбонк”, бо ҳадафи коҳиши хароҷот ва беҳбуди вазъи моли ҳудуди 800 корманди худро аз кор хориҷ хоҳад кард.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода- раиси Бонки Миллии Тоҷикистон рузи 23 январ дар нишасти хабарии ин ниҳод зимни таййиди ин хабар афзуд: ин тасмим ба хотири сарфакорӣ ва беҳбуди авзои молии бонкҳо иттихоз мешавад, аммо кормандони ихтисоршуда дар сурати доштани тахассуси боло имкон дорад дар дигар муассисаҳои молӣ ба кор ҷалб шаванд. Раиси бонки миллии Тоҷикистон бо ишора ба ихтисори кормандони Тоҷиксодиротбонк дар гузашта гуфт бархе аз мутахассисони ин бонк дар дигар ташкилотҳои қарзӣ бо ҷойи кор  таъмин шудаанд.
Дар маҷмуъ тибқи омор теъдоди кормандони низоми бонкӣ дар тоҷикистон ҳазорҳо нафар кам шудааст. Агар соли 2015 теъдоди кормандони низоми бонкӣ беш аз 22 ҳазор нафар буд, ин теъдод дар моҳи июни соли 2016 то 19 ҳазор коҳиш ёфта ва феълан боз камтар шудааст. 

Раиси бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди роҳи наҷоти бонкҳои буҳронзада афзуд ба ғайр аз кумаки молии давлат ин бонкҳо муаззаф шудаанд, ки аз манобеи дигар низ ҷиҳати бурунрафт аз ин шароит сармоя ҷалб кунанд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар мавриди нашри 1000 сомонӣ бо акси раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар воқеъ ҳамчунин пешниҳоде аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ва бархе афроди ҷудогона ворид шудааст ва ҷиҳати баррасии мавзуи мазкур гуруҳи вижае дар вазорати рушди иқтисод ва савдо ташкил ва дар сурати тасдиқи хулосаи ин камисиюн аз сӯи ҳукумат, Бонки миллӣ ин тарҳро иҷро хоҳад кард.
Раиси бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин дар ин нишасти хабарӣ эълом кард, ки мизони таваррум дар соли гузашта дар Тоҷикистон 6,1 дар садро ташкил додааст, аммо бархе коршиносони иқтисодӣ ин иддаои бонки миллиро ғайривоқеӣ медонанд. Бонки миллии Тоҷикистон дар поён таъкид кард, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз коҳиши қурби пули миллӣ дар соли 2017 мелодӣ тамоми фурушгоҳҳо муаззаф шудаанд, ки муомилотро бо кортҳои ғайринақдӣ ба роҳ андозанд.