Барканории полиси ҳиҷобситез дар Хатлон
(last modified Tue, 24 Jan 2017 05:10:37 GMT )
Январ 24, 2017 10:10 Asia/Dushanbe
  • Барканории полиси ҳиҷобситез дар Хатлон

Раиси полиси вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар расонаҳо ба унвони полиси ҳиҷобситез машҳур шуда буд, барканор шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар чорчӯби барномаи тағйироти ҷадид дар сохтори нерӯи интизомии Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, сарҳанг (полковник) Баҳром Шарифзода, раиси полиси вилояти Хатлон аз симмати хеш барканор шудааст.

Номи ин сарҳанг замоне хабарсоз шуд, ки вай соли гузашта дар нишасти хабарие дар шаҳри Қурғонтеппа гуфта буд, полиси вилояти Хатлон дар як сол бо беш аз 12 ҳазору 818 марди ришдор ва ҳазору 800 зани бо ҳиҷоби исломӣ бархӯрд кардаву 162 фурӯшгоҳи ҳиҷоби исломиро дар қаламрави вилояти Хатлон бастааст.

Ин иқдомоти раиси полиси Хатлон дар он рӯзҳо дар расонаҳои хабарии минтақаву ҷаҳон бо вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд ва мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ба маҳдуд кардани озодии эътиқод ва ситез бо воҷиботи шариати исломӣ муттаҳам шуданд.

Бар асоси ҳукми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал Искандар Солеҳзода, муовини вазири дохилаи Тоҷикистон ҷойгузини сарҳанг Баҳром Шарифзода дар симмати раёсати полиси вилояти Хатлон шудааст.