Январ 24, 2017 11:40 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши захоири тиллои Тоҷикистон

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши 37 дарсадии захоири тиллои ин кишвар дар соли гузашта хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти хабарии масъулони Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки арзиши захоири тиллои ин кишвар дар авоили соли 2017 ба 682 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 37 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Дар оғози соли гузашта арзиши захоири тиллои Тоҷикистон беш аз 486 миллион доллар эълом шуда буд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода таъкид кардааст, ки бар асоси муқаррароти байналмилалӣ, бонки марказӣ ва вазорати дороии ҳар кишвар муваззаф ба хариди тиллои истихроҷшуда аст ва ҳаҷми захоири тилло низ баробар бо мизони воридоти маҳсулот аз хориҷ хоҳад буд.

Ширкати мушовираи тиллои ҷаҳон, мавсум ба "Ворлд Голд Консил" дар рутбабандии худ дар соли 2016, Тоҷикистонро ба лиҳози доштани захоири тилло, дар ҷаҳон дар мақоми шастуҳафтум қарор дод ва эълом кард, ки ин кишвар 12.3 тон тилло дар ихтиёр дорад.

Давлати Тоҷикистон дар солҳои ахир ба истихроҷ ва тавлиди тилло таваҷҷуҳи зиёде кардааст ва қасд дорад, ки мизони истихроҷи ин филизи гаронбаҳоро ба 4 тон дар сол бирасонад.

 Ҳамакнун имтиёзи истихроҷи бузургтарин маъданҳои тиллои Тоҷикистон ба ширкатҳои чинӣ вогузор шудааст.