Январ 24, 2017 15:08 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон аз Арабистон барои сармоягузорӣ дар “Роғун”

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ хост то дар нерӯгоҳи обии “Роғун” сармоягузорӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни дидор бо Муҳаммад ал-Мазият, муовини вазири дороии Саудӣ, аз масъулони ин кишвар дархост кард, ки Арабистон дар нерӯгоҳи “Роғун” сармоягузорӣ кунад.

Шукурҷон Зуҳуров дар ин дидор бо ишора ба вуҷуди буҳрони молӣ дар ҷаҳон гуфт, дар чунин шароите кишвараш барои иҷрои бокайфияти ин тарҳ ба эътибороти дарозмуддат ниёз дорад ва Арабистон дар ин замина метавонад ба Тоҷикистон кӯмак кунад.

Ин масъала дар иҷлоси давраии камиссюни тиҷории Тоҷикистону Арабистон, ки қарор аст дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистон баргузор шавад, баррасӣ хоҳад шуд.

Ал-Мазият, вазири дороии Арабистон низ гуфт, кишвараш сармоягузорӣ дар тарҳҳои Тоҷикистонро густариш медиҳаду ин сармоягузорӣ аз сӯйи Бунёди Тавсеаи Саудӣ сурат мегирад .

 Гуфта мешавад, Бунёди Тавсеаи Саудӣ дар тарҳҳои иҷтимоӣ, ҳамлу нақл ва сохтмонҳои мухталифе ҳамчун сохти бемористон дар Тоҷикистон мушорикат кардаву қарор аст дар оянда низ дар тарҳҳои бахши гардишгариву тиҷорати Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

 

Барчасп