Январ 25, 2017 11:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар дидоре дар Душанбе равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Питер Буриан дар ин дидор роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши равобити Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо баҳс ва табодули назар карданд.

Дар ин нишаст сиёсати роҳбурдии Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ, барномаҳои ҳамкории ин иттиҳодия бо Тоҷикистон то сол 2020 ва зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба низ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин ду тараф дидгоҳҳои худро дар бораи масоили амнияти минтақа, авзои Афғонистон, мубориза бо терроризми байналамилалӣ, кумакҳои омӯзишии Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон дар бахш фанновариаҳои навин ва низ авзои ҳуқуқи башар матраҳ карданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо ибрози ризоят аз густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо, роҳҳои кумаки ин иттиҳодия ба Тоҷикистонро дар заминаи коҳиши паёмадҳои буҳрони молии ҷаҳон баррасӣ кард.

 

Барчасп