Январ 26, 2017 10:35 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди тилло дар Тоҷикистон аз 5 тон фаротар рафт

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар соли 2016 барои бори нахуст дар таърихи ин кишвар тавлиди тилло аз 5 тон фаротар рафтааст.

Ба гузориши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, бар асоси ин гузориш, бештарин мизони тавлиди тилло дар корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Чин мавсум ба “Зарафшон” дар вилояти Суғд ба 3 ҳазору 300 кг расидааст.

Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон, дар соли 2015 чаҳор ҳазору 500 кг эълом шуда буд.

Ҳамзамон тавлиди нуқра дар Тоҷикистон низ дар соли 2016 бо 200 килограмм афзоиш ба 3 ҳазору 200 тон расид.

Аврупо мақсади 98 дарсад аз нуқраи тавлидӣ дар Тоҷикистон аст.

Қаблан Ҷамшед Нурмуҳаммадзода-раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки арзиши захоири тиллои ин кишвар дар авоили соли 2017 ба 682 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл- 37 дарсад афзоиш нишон медиҳад.