Январ 26, 2017 12:22 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар бораи раводиди интернетӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар бораи дарёфти раводиди интернетии сафар ба ин кишвар, ки аз рӯзи 25 январ иҷроӣ шуда, тавзеҳ додааст.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, шаҳрвандони 78 кишвар, ки Тоҷикистон бо онон низоми осони дарёфти раводид дорад, метавонанд бо муроҷиа ба пойгоҳи интернетии ин вазоратхона бо ароаи мадорик ва пардохти ҳазина, раводиди сафар ба ин ҷумҳуриро дарёфт кунанд.

Ба манзури осонии вуруди сармоягузорон ва гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон, вазорати умури хориҷаи ин кишвар ду сомонаи интернетӣ роҳандози кардааст, ки шаҳрвандони довталаби сафар ба ин ҷумҳурӣ метавонанд аз тариқи муроҷиа ба сойти ин вазоратхона ва дарёфти нишонии ин сомонаҳо, раводиди вурудро ба осонӣ дарёфт кунанд.

Барчасп