Январ 26, 2017 13:08 Asia/Dushanbe
  • Сафари муовини нахуствазири Русия ба Душанбе

Игор Шувалов-муовини аввали нахуствазири Русия қарор аст, барои ширкат дар 14-уми ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Душанбе - Маскав ба Тоҷикистон сафар кунад.

Ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, интизор меравад дар ин ҷаласа мушкилоти пешомада дар бахши ҳавонавардии ду кишвар низ баррасӣ шавад.

Ин ҷаласа фардо (27-январ) дар шаҳри Душанбе оғоз хоҳад шуд.

Юсуф Раҳмон, сардори департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба РИА Новости гуфтааст, бо дарназардошти сатҳи баланди гуфтугӯҳо умедворанд, ки мушкил ҳалли худро пайдо мекунад. Бо ин ҳол ӯ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон манфитҳои худро ҳимоят хоҳад кард.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав моҳи ноябри соли 2016 баъди он ба вуқӯъ пайваст, ки мақомоти Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи нави “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Дар посух Маскав парвози ширкати “Сомон Эйр”-ро ба чанд шаҳри Русия манъ кард. Чанд мулоқоти анҷомшуда барои рафъи мушкили бамиёномада бенатиҷа анҷом ёфт.