Сафари қарибулвуқӯи Путин ба Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i12597-Сафари_қарибулвуқӯи_Путин_ба_Душанбе
Муовини нахустивазири Русия аз сафари Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 28, 2017 10:44 Asia/Dushanbe
  • Сафари қарибулвуқӯи Путин ба Душанбе

Муовини нахустивазири Русия аз сафари Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши  хабаргузории “Спутник”, Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия пас аз поёни чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи иқтисодӣ ва тиҷории Русияю Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, барои муваффақ баргузор кардани музокироти Путин ва мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе бояд ҳарду тараф омодагии лозимро касб кунанд. Шувалов ҳамчунин бо ишора ба чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи иқтисодӣ ва тиҷории Русияю Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе афзуд, беш аз 20 мавзӯъ дар ин комиссия баррасӣ ва дар бораи бархе масоил низ дар сафари Путин ба Душанбе баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Ин мақоми рус ҳамчунин аз рафъи нисбии ихтилофот бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар миёни Душанбе ва Маскав хабар дода афзуд, аз ин пас ширкатҳои “Уралские авиалиний”-и Русия ва “Тоҷик эйр”-и Тоҷикистон ба таври баробар миёни Душанбе ва Маскав парвоз хоҳанд кард. Шувалов афзуд, ҳамчунин мамнӯияти парвози ширкати тоҷикистонии “Сомон эйр” ба Русия, ки аз моҳи декабри соли гузашта роҳандозӣ шуда буд, лағв шудааст. Ӯ дар айни ҳол гуфт, парвози ширкати русии "Ямал" ба Тоҷикистон аз оғози тобистон, ҳамзамон бо афзоиши сафарҳои муҳоҷирони тоҷик ба Русия аз сар гирифта хоҳад шуд.

Муовини аввали нахуствазири Русия дар сафари худ ба Душанбе ҳамчунин Маркази содироти Русияро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард.

Игор Шувалов дар поёни чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи иқтисодӣ ва тиҷории Русияю Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидор кард.