Январ 28, 2017 11:54 Asia/Dushanbe
  • Касри 100 миллион доллари буҷа ва афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар соли 2016 бо 100 миллион доллар касри буҷа ва 80 миллион доллар афзоиши қарзи хориҷӣ рӯ ба рӯ шуд.

Ба гузориши сойти “Авесто”, Вазорати молияи Тоҷикистон коҳиши тиҷорати хориҷӣ ва дар натиҷа, кам шудани пардохтҳои гумрукиро омили аслии касри буҷаи Тоҷикистон дар соли 2016 эълом кардааст. Бар асоси ин гузориш, қарзи хориҷии Тоҷикистон низ соли гузашта ба 2 миллиарду 300 миллион доллар афзоиш ёфта, ки ба 32 дарсади тавлиди маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар баробар аст.

Ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар дар соли 2017 беш аз 215 миллион доллар қарзи хориҷӣ хоҳад гирифт, ки 140 миллион доллари он барои бозпардохти қарзи хориҷии ин кишвар сарф хоҳад шуд.

Чин бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон буда, беш аз нисфи қарзҳои хориҷии давлати Душанбе марбут ба ин кишвар аст.

 

Барчасп