Январ 28, 2017 16:40 Asia/Dushanbe
  • Оғози бозпардохти пасандозҳои муштарёни ду бонки бузурги Тоҷикистон

Саранҷом пас аз моҳҳо интизор “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” пардохти супурдаҳои муштарёни худро оғоз карданд.

Ин нахустин бор аз тирамоҳи соли гузаштааст, ки мардум метавонанд бо муроҷиа ба “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” супурдаҳои худро бардошт кунанд ё ҳисобҳои худро бибанданд ва ин мавзуъ, сабаби таҷаммӯи густурдаи мардум муқобили шӯъбаҳои ин бонкҳо шудааст.

Ҳарчанд ҳаддиаксари бардоштҳо дар ҳар рӯз фақат, ҳудуди се ҳазор сомонӣ ё муодил он 380 доллари амрикои аст ва муштарён наметавонанд тамоми сармояи худро дар як замон бардоранд.

 “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ҳамчунин мизони бардошти рӯзонаи пул аз тариқи худпардозҳоро ба 125 доллар ё муодили он 1000 сомонӣ афзоиш додаанд.

Пеш аз ин дар моҳҳои октябр ва ноябр ҳаддиаксари бардошти рӯзона аз ин бонкҳо аз тариқи худпардозҳо 12.5 доллар ва дар моҳ декабр 75 доллар буд.

Буҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016, замоне оғоз шуд, ки ҳамзамон чаҳор муассисаи молӣ натавонистанд қарзҳои худро ба сармоягузорон ва муштарёнашон бипардозанд.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон далоили аслии ин буҳронро мудирияти номуносиби қарзҳои бузург медонанд, ки бонкҳои ин кишварро бо камбуди пули нақд мувоҷеҳ карда буд.

Давлати Тоҷикистон барои наҷоти бонкҳо аз ин шароит, тирамоҳи соли гузашта барномаеро барои интишори қоғазҳои қимматнок бо пули миллӣ ба арзиши 490 миллион доллар ба тасвиб расонд, то Бонки миллӣ ба тадриҷ ин қоғазҳои қимматнокро дар ихтиёри бонкҳо ва муассисоти молӣ қарор диҳад.  Муассисоти молӣ ва бонкҳо муваззафанд тибқи барномаи мавриди тавофуқ дар муддати панҷ сол ин маблоғҳоро ба Бонки миллӣ бозгардонанд.

Барчасп