Бузургмеҳр Ёров аз худ хабар дод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i12637-Бузургмеҳр_Ёров_аз_худ_хабар_дод
Пас аз матраҳ шудани мабоҳисе аз норавшан будани сарнавишти Бузургмеҳр Ёров-вакили дифоъ ба 23 сол зиндон маҳкум шудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, вай дар номаи кӯтоҳи ба хонаводааш аз зинда будани хеш дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати дохилаи ин ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 29, 2017 09:44 Asia/Dushanbe
  • Бузургмеҳр Ёров аз худ хабар дод

Пас аз матраҳ шудани мабоҳисе аз норавшан будани сарнавишти Бузургмеҳр Ёров-вакили дифоъ ба 23 сол зиндон маҳкум шудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, вай дар номаи кӯтоҳи ба хонаводааш аз зинда будани хеш дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати дохилаи ин ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Ба гузориши сойти Топ Тҷ, Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки пас аз нигарониҳо аз сарнавишти бародараш, ахиран вай бо ирсоли номаи кӯтоҳ аз боздоштгоҳи муваққат аз саломат буданаш хабар додааст.

Ёров дар ин нома таъкид кардааст, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон дар рӯзи 31 январи соли ҷорӣ, баррасии шикояти вай дар эътироз ба ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе бино бар 23 сол маҳкумият ба зиндонро оғоз хоҳад кард.

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли гузашта (2016) Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов ду вакили мудофеи ин кишварро ба иттиҳоми ифротгарӣ, барангехтани ихтилофоти миллӣ ва динӣ, тавҳин ба раисиҷумҳур ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон ба 23 ва 21 сол зиндон маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров авохири сентябри соли 2015 ва пас аз он ки кумитаи дифоъ аз ҳуқуқ 13 узв боздошт шудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис кард, ба иттиҳоми қаллобӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда ташкил шуд. Аммо чанде баъд мақомоти амниятии Тоҷикистон алайҳи вай ба иттиҳоми ифротгарӣ, барангехтани ихтилофоти миллӣ ва динӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ ташкил карданд.