Интизорот аз нуҳумин сафари Путин ба Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия қарор аст, барои нуҳумин бор таи солҳои ахир дар моҳи феврал ба Тоҷикистон сафар кунад, ки интизороте аз дидору гуфтугӯҳои вай бо мақомоти давлати Душанбе вуҷуд дорад.
Ба иттилои Спутник, аз соли 2000 то ба ҳол Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳашт бор ба Душанбе сафар кардааст, ки пас аз 22 бори дидораш аз Қазоқистон, акнун Тоҷикистон бештарин мизбониро аз ӯ ба амал овардааст .
Аммо дар нуҳумин сафари Путин ба Тоҷикистон ва дидори вай бо мақомоти ин кишвар бояд бар сари бархе аз масоили муҳим дар равобити Маскав ва Душанбе баҳсу табодули назар шавад, ки муносиботи дутарафро бо чолишҳое рӯ ба рӯ кардааст.
Ба ин нукта ахиран Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия пас аз поёни чаҳордаҳумин Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ишора кард.
Вай гуфт, бархе аз масоил дар муносиботи Маскав ва Душанбе вуҷуд дорад, ки дар дидори Путин бо мақомоти давлати Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал хоҳад шуд .
Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки ин нишаст дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста баргузор гардид ва ҷонибҳо ба тавофуқ дар мавриди поён додан ба ихтилофи назари дуҷониба дар мавриди парвози ҳавопаймоҳои мусофирӣ таъкид карданд .
Ҳатто дар заминаи дархости Тоҷикистон мабнӣ бар афви коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар аз Русия Игор Шувалов баррасии ин мавзуъро ба замони дигар вогузор кард.
Ба гуфтаи коршиносон, дар дидори Путин бо мақомоти тоҷик дар Душанбе дар бораи далелҳои коҳиши мизони муомилоти тиҷории Русия ва Тоҷикистон, мушкилоти ширкатҳои русӣ дар ин кишвар ва пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баҳсу табодули назар хоҳад шуд .
Раисҷумҳури Русия барои дидор бо мақомоти Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар моҳи феврали 2017 ба ин се кишвари Осиёи Марказии сафар хоҳад кард .