Январ 30, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдардии вазири нақлиёт ба наздикони ҳалокшудагони ҳодисаи фаромадани тарма

Худоёр Худоёрзода, вазири нави нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, роҳ дар масири Хуҷанд баста буда, роҳ ба Хоруғ кушода шуд.

Ба иттилои “Озодагон”, Худоёрзода имрӯз, 30-юми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ҳар ду масир талафоти ҷонӣ рух додааст. Ӯ талафоти ҷониро ҷуброннопазир хонда, ба наздикони ҳалокшудагон ҳамдардӣ баён намуд.

Вазири нави нақлиёт изҳор дошт, ки феълан техникаҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд кор карда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, муовинонаш дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва худаш низ барои назорату огоҳии фаврӣ аз вазъ то соати 2-и шаби гузашта дар дафтари корӣ буд.

Худоёрзода афзуд, ки ба ширкатҳои ҳавоӣ-“Сомон Эйр”-у “Тоҷик Эйр” дастур додаанд, то парвозҳо дар масири Душанбе-Хуҷандро бештар кунанд: “Дирӯз 3 парвоз ва имрӯз аллакай ду парвоз анҷом дода шуд”.

Вазир гуфт, ният доранд ҷадвалеро таҳия намоянд, то ҳаракати сокинонро дар шароити номусоидии боду ҳаво танзим кунанд. Ӯ аз аҳолии Тоҷикистон даъват намуд, ки то ҳадди имкон аз сафар худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки тарма ва садамаҳои нақлиётӣ рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон 15 кушта барҷой гузоштанд. Мақомоти наҷотдиҳӣ мегӯянд, ин омор метавонад бештар шавад, зеро феълан корҳои кофтукобӣ идома дорад.

 

 

Барчасп