Январ 31, 2017 11:20 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти давлати Тоҷикистон дар муомила бо бахши хусусӣ

Мақомоти Кумитаи давлатии идоари амвол ва сармоягузории Тоҷикистон аз фурӯши корхонаи Сементи Душанбе, маркази тавлиди либоси “Гулистон” ва осоишгоҳи обдармонии Хоҷа Оби Гарм хабар додаанд.

Ба гузориши “Озодагон”, Анвар Наҷмиддинзода, муовини раиси Кумитаи идораи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин марказҳо бар асоси музояда ба бахши хусусӣ фурӯхта хоҳад шуд.

Наҷмиддинзода гуфтааст, ки корхонаи тавлиди либоси “Гулистон”, ки саҳмияи он қаблан ба Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ, ки дар зиндон ба сар мебарад ва низ Дмитрий Фирташ, сармоядори украинӣ тааллуқ дошт, ба иллати қарздорӣ барои дувумин бор ба фурӯш гузошта мешавад.

Ин мақоми давлатии Тоҷикистон гуфт, бо ин ҳол то кунун ҳеҷ кас барои хариди ин корхона эъломи омодагӣ накардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад 121 маркази тавлидии ин кишварро , ки бештари онҳо ба далоили мухталиф кор намекунад, аз тариқи музояда ба бахши хусусӣ бифурӯшад.

Пеш аз ин, бархе марокизи фурӯхташуда ба бахши хусусӣ дар Тоҷикистон солҳо баъд аз моликони онҳо пас гирифта ва ба нафъи давлат мусодира шудааст ва ҳатто бархе моликон низ зиндонӣ шудаанд.

Коршиносон мегӯянд, таҷрибаи ин гуна хариду фурӯшҳо сабаб шудааст, ки бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ба хариди марокизи тавлидӣ ва санъатӣ аз давлат бетаваҷҷуҳ ва камрағбат бошад.

 

Барчасп