Январ 31, 2017 14:15 Asia/Dushanbe
  • Хонаи Озодӣ: Тоҷикистон кишваре истибдодӣ аст

Созмони ғайридавлатии Хонаи Озодӣ дар Амрико номи Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои истибдодӣ қарор дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “ТОП ТҶ”,  дар гузориши солонаи Хонаи Озодӣ, ки имрӯз мунташир шуда, номи Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои истибдодӣ сабт шудааст.

Дар ин гузориш омадааст: “Дар кишварҳое монанди Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қирғизистон ҳукуматҳо дар шароити набуди эътимоди сиёсӣ ва иқтисодӣ пояҳои қудрати худро таҳким кардаанд”.

Хонаи Озодӣ ҳамчунин Узбакистон ва Туркманистонро дар канори Кореяи Шимолӣ аз ҷумлаи мустабидтарин кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кардааст.

Бар асоси ин гузориш, дар миёни 195 кишвари ҷаҳон, 49 кишвар истибдодӣ будааст, ки дар ин кишварҳо 36 дарсади ҷамъияти ҷаҳон зиндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин ба гузориши Хонаи Озодӣ, дар 67 кишвари дунё озодиҳои сиёсӣ маҳдуд шудааст ва шумори кишварҳое, ки авзои озодиҳои сиёсӣ дар онҳо беҳтар аст, ба 36 кишвар мерасад.

Хонаи Озодӣ як созмони ғайридавлатӣ дар Амрикост, ки дар заминаи таҳқиқот ва пуштибонӣ аз демократия, озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи башар фаъолият мекунад.

Ин созмон солона феҳристи кишварҳоро аз лиҳози сатҳи демократӣ таҳия ва мунташир мекунад.

Барчасп