Раванди мусбати рушди иқтисод дар Тоҷикистон дар соли 2016
Январ 31, 2017 18:16 Asia/Dushanbe
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, ки рушди иқтисоди кишвар дар соли 2016 раванди мусбат доштааст.
Мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчунин муътақиданд, ки сарфи назар аз таъсири буҳрони иқтисодӣ, дар натиҷаи тадобири гурӯҳи кории зидди буҳронӣ дар кишвар тавлиди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ афзоиш дошта ва рушди воқеии иқтисодӣ 9.6 дарсадро ташкил додааст .
Барчасп