Август 04, 2016 10:28 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани 11 сокини Исфара ба зиндон ба иттиҳоми ифротгароӣ

Додгоҳи шаҳри Исфара 11 нафар аз ҷавонони сокини ин минтақаро ба иттиҳоми ифротигароӣ ва талош барои барҳам задани сохти конститутсионии Тоҷикистон аз 5 то 8 сол равонаи зиндон кард.

Ба гузориши сойти "ТоҷИнфо", бо вуҷуди ин ки танҳо ду нафар аз ин афрод узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд ва бақия ҳеҷ иртиботе ба ин гурӯҳ надоранд, дар ҳукми додгоҳ таъкид шудааст, ки ин афрод ба таври аланӣ дар пайии барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон буда ва ба ин манзур дар яке аз чойхонаҳои шаҳри Исфара ҷаласоти ҳафтаӣ баргузор мекардаанд. Ин дар ҳолест, ки наздикони маҳкумшудангон мегӯянд, ин нишастҳо сирфан барои тафреҳ буда ва ҳеҷ як мавзӯи сиёсӣ дар онҳо мавриди баррасӣ қарор намегирифтааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳи шаҳри Исфара, Маъруф Раззоқов, ки замоне дар Покистон омӯзиши исломиро фаро гирифтааст, ба 8 сол ва 10 нафари дигар ҳар яке ба муддат 5 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.

Пас аз мамнӯияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта бо баҳонаи даст доштани ин ҳизб дар шӯриши генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои ин ҷумҳурӣ боздошту зиндонӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, бавижа афроде, ки  дар хориҷ аз ин кишвар омӯзиши исломӣ дидаанд, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои "Ихвон-ул-муслимин" ва салафия ташдид шудааст.

Барчасп