Феврал 01, 2017 10:09 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар такмили сареътари неругоҳи Роғун

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо раиси ширкати италияии иҷрокунандаи тарҳи неругоҳи Роғун бар зарурати суръат бахшидани корҳо барои баҳрабардорӣ аз ин тарҳи муҳими энержӣ таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Петро Солини дар ин дидор мавзӯи сифати кори сохти садди 335-метрии ин неругоҳ, таъмини сармояи кофӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати италияиро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки баҳрабардории бамавқеъ аз ду турбинаи нахусти ин неругоҳ дар солҳои 2018 ва 2019 метавонад заминаи раҳоии Тоҷикистон аз буҳрони камбуди барқ дар фасли сарморо фароҳам кунад.

Чанд рӯз қабл Ҷамшед Каримзода муовини аввали вазири дороии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки имсол барои идомаи сохти ин неругоҳ як миллиарду 700 миллион сомонӣ ҳазина хоҳад шуд, ки 200 миллион сомонӣ камтар аз соли 2016 аст.

Ширкати италияии Salini Impregilo соли гузашта дар муноқисаи байналмилалии такмили тарҳи неругоҳи Роғун баранда шуд ва сохти ин неругоҳро бар уҳда гирифт.

Сохти неругоҳи барқи обии Роғун дар 110-километрии шарқи шаҳри Душанбе аз 41 соли пеш оғоз шуд ва пас аз истиқлоли Тоҷикистон, ба иллати мухолифатҳои Узбакистон ва камбуди сармоя нотамом монд.

Ин неругоҳ бо 6 турбина ҳар як бо тавони тавлиди 600 мегаватт барқ ва садди 335-метри бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ аст.

 

Барчасп