Дархости кумаки Тоҷикистон аз маҷомеи байналмилалӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i12799-Дархости_кумаки_Тоҷикистон_аз_маҷомеи_байналмилалӣ
Дар пайи бориши барфи зиёд ва сарозер шудани тарма дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дархости кумак кардааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 01, 2017 12:01 Asia/Dushanbe
  • Дархости кумаки Тоҷикистон аз маҷомеи байналмилалӣ

Дар пайи бориши барфи зиёд ва сарозер шудани тарма дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дархости кумак кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин вазорат дар баёнияе аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ хостааст, барои ҷуброни паёмадҳои зарарҳои бориши зиёди барф дар манотиқи мухталифи ин кишвар бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, бориши барфи зиёди рӯзҳои охир, ки бештари манотиқи Тоҷикистонро дар бар гирифта, талафоти ҷонӣ дар пай дошта ва баъзе аз роҳҳои ин кишварро бастааст.

Ин баёния бо ишора ба инки эҳтимол дорад бориши барф дар моҳи феврали имсол дар муқоиса бо давраҳои мушобеҳ ду то се баробар афзоиш ёбад, дар бораи густариши зарарҳои ҳодисаҳои табиӣ дар зимистон, баҳор ва тобистони имсол дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин кишвар ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон дар ин замина идома диҳанд.

Дар пайи бориши барфи зиёд дар рӯзҳои охир дар Тоҷикистон, роҳҳои иртиботӣ миёни Душанбе бо вилоятҳои Суғд ва Бадахшон ва низ Душанбе - Ҷиргатол баста шудааст.