Феврал 02, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Тамринҳои муштараки зидди террористии Русия ва Тоҷикистон

Размоиши муштараки зидди террористии нимиёни артиши Тоҷикистон ва пойгоҳи 201 артиши Русия, мустақар дар атрофи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ба гузориши сойти хабаргузории русии РИА Новости, дар ин размоиш, ки дар пойгоҳи 201 артиши Русия мустақар дар атрофи шаҳри Душанбе баргузор гардид, низомиёни тоҷик ва рус роҳҳои муқобила бо гурӯҳҳои фарзии террористиро тамрин карданд.

Ин размош таҳти назорати генерал Владимир Заруднитский - фармондеҳи ҳавзаи низомии маркази Русия баргузор гардид, ки пойгоҳи 201 ҷузъи нерӯҳои ин ҳавза ба ҳисоб меояд. Дар ин размоиш бо мушорикати низомиёни тоҷик ва рус, наҳваи муқобила бо гурӯҳҳои террорстӣ дар шароити кӯҳистонии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин размоиш дар чорчӯби барномаи густариши ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Русия дар соли ҷорӣ баргузор гардид, ки ба гуфтаи мақомоти низомии Русия омодасозии низомиёни тоҷик, иртиқои тавони рӯёрӯии онон бо гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи ҷангӣ аз аҳдофи ин навъи размоишҳо эълом шудааст. Аз ин рӯ, дар соли ҷорӣ баргузории чандин размоиши муштараки нерӯҳои артиши Тоҷикистон ва низомиёни русии мустақар дар пойгоҳи 201 барномарезӣ шудааст.

Пойгоҳи 201 артиши Русия мустақар дар атрофи шаҳри Душанбе, бузургтарин маркази низомии нерӯи заминии ин кишвар дар хориҷ ба ҳисоб меояд, ки муддати ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шудааст.

 

Барчасп