Ҳушдори Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи барфрезӣ ва тармафароиҳои нав
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i12845-Ҳушдори_Оҷонсии_обуҳавошиносии_Тоҷикистон_дар_бораи_барфрезӣ_ва_тармафароиҳои_нав
Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз барфрезӣ ва тармафароиҳои нав дар кишвар ҳушдор дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 02, 2017 12:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи барфрезӣ ва тармафароиҳои нав

Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз барфрезӣ ва тармафароиҳои нав дар кишвар ҳушдор дод.

Ба навиштаи сойти Озодагон, тибқи иттилои ин ниҳод 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа пешбинӣ шудааст: “Дар навоҳии кўҳӣ туман, яхбандӣ ва фаромадани тарма дар назар аст. Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад".

Мақомоти тоҷик аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш доранд, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва сафар тариқи минтақаҳои кӯҳию осебпазир худдорӣ намоянд.