Феврал 02, 2017 19:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷон додани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар як садамае дар Маскави нав

Cафорати Тоҷикистон дар Маскав ба нақл аз Вазорати мавқеияти изтирории Русия иттилоъ дод, ки миёни ҷонбохтагон дар пайи бархӯрди худрави навъи УАЗ ва “Тойота” ҳувияти ду нафар тоҷикистонӣ шиносоӣ шудааст.

Ба гузориши “Озодагон”, Сафорати Тоҷикистон гуфт, то ҳол ҷон бохтани ду тоҷикистонӣ дар ин садама мушаххас шудааст, ки инҳо Эркинҷон Кузиеви 35-сола аз шаҳри Чкаловск ва Бахтиёр Сакизови 30-сола аз ноҳияи Хуросон мебошанд. То ҳол ҳуввияти 5 нафари ҷонбохта дар ин садама мушаххас шудааст ва шиносоиии ҳуввияти се нафари дигар идома дорад.

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, барои шиносоии ҳуввияти афроди садамадида ва таҳқиқи ҳодиса бо мақомоти Русия ҳамкорӣ мекунад.

 Бархурди Тойота бо УАЗ, ки соати 16:00-и 1-уми феврал дар шоҳроҳи Варшавское (минтақаи Маскави нав) рух додааст, ҳадди ақал 8 кушта ва 4 маҷруҳ барҷой гузоштааст.

Тибқи иттилои мақомоти Русия, дар пайи бархурди шадиди УАЗ, ки ҳомили муҳоҷирон аз Осиёи Миёна будааст, оташ гирифтааст ва мусофирон дар дохил дармондаанд. Ҷасади сӯхтаи мусофирон аз УАЗ берун шудааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, миёни кушташудагон шаҳрвандони Русия, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон мебошанд.

 

Барчасп