Татбиқи тарҳи пӯшидани либоси миллӣ дар макотиби Тоҷикистон
(last modified Sat, 04 Feb 2017 08:24:51 GMT )
Феврал 04, 2017 13:24 Asia/Dushanbe
  • Татбиқи тарҳи пӯшидани либоси миллӣ дар макотиби Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳҳои ин кишвар дастур додааст, ки занони омӯзгор, толиба ва донишҷӯдухтарон аз аввали март то Ҷашни Наврӯз бо либоси миллии тоҷикӣ дар дарсҳо ҳозир шаванд.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар айни ҳол эълом кардаанд, ки ҳеҷ иҷборе дар ин замина вуҷуд надорад. Дар номаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон омадааст, ки ин вазорат бо ҳадафи ривоҷ додан, эҳёи расму русуми неки ниёкон ва бузургдошти шоистаи Наврӯзи ҷаҳонӣ тарҳи пӯшиши либоси атлас, адрас ва чакани тоҷикиро барои муаллимаву донишҷӯдухтарон аз аввали март дар муассисаҳои таълимии ин кишвар  ба роҳ мемонад.

Ин аввалин бор аст, ки ба сурати расмӣ аз сӯйи Вазорати маориф ба муассисаҳои таълимӣ чунин дастур дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси дастури Вазорати маориф, мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон либоси ягона доранд ва бидуни пӯшидани ин либоси ягона хонандагон ҳаққи вуруд ба мактабро надоранд. Ҳамчунин дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон пӯшидани либоси мазҳабӣ ва ҳиҷоб мамнӯъ аст.

Тоҷикистон имсол мизбонии Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо ҳузури сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба уҳда дорад.