Феврал 04, 2017 15:12 Asia/Dushanbe
  • Идомаи талоши Тоҷикистон барои боздошту истирдоди Муҳиддин Кабирӣ

Мудири умури парвандаҳои вижаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз идомаи гуфтугӯҳо барои боздошту истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши “Озодагон”, Ҷамшед Мирзохонзода сеюми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, таҳқиқоти маҳрамона дар бораи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Кабирӣ идома дорад ва ӯ ҳамчунон таҳти пайгарди Пулиси байналмилалӣ аст.

Содиқшоҳ Назаров, ёвари ҳуқуқии раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин бора гуфт, ба зудӣ Кабирӣ ва дигар афроди таҳти пайгарди ин ҳизб бояд назди қонун, миллат ва давлат посух диҳанд.

Пулиси байналмилалӣ (Интерпол) соли гузашта бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда дар ин кишварро ба иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва даст доштан дар қаллобӣ ба таври расмӣ таҳти пайгард қарор дод. Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли ин кишвар аз ирсоли тамоми ҳуҷҷатҳои лозим барои боздошти Кабирӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва талоши Пулиси байналмилалӣ барои ҷустуҷӯи ӯ хабар дода буданд. Бо ин ҳол, авохири моҳи июли соли 2016 Муҳиддин Кабирӣ эълом карда буд, ки таҳти таъқиби Пулиси байналмилалӣ нест.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 ба хориҷ аз ин кишвар сафар кард. Моҳи сентябри ҳамон сол дар пайи шӯриши генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон фаъолони ҲНИТ боздошт шуданд ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳам ин ҳизбро ба иттиҳоми мушорикат дар шӯриши Назарзода террористӣ эълом ва фаъолияташро мамнӯъ кард. Ин дар ҳолест, ки Кабирӣ ва дигар раҳбарони ҲНИТ то кунун ҳама ин иттиҳомотро рад кардаанд.

 

Барчасп