Феврал 06, 2017 15:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури тоҷикҳо дар тазоҳуроти зидди Трамп

Дар гирдиҳамоиҳои эътирозӣ алайҳи қонунҳои раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп тоҷикҳо низ фаъолона ширкат доранд.

Ба иттилои сайти Ахбор, дар гирдиҳамоиҳои зидди сиёсати раисиҷумҳури ҷадиди Амрико Доналд Трамп зодагони Тоҷикистон низ ба таври фаъолона ширкат доранд.

Нашрияи "Socialist Worker” дар гирдиҳамоии мухолифони сиёсати Трамп дар шаҳри Лондон, пойтахти Бритониё бо Саёҳат ном як зодаи Тоҷикистон сӯҳбат кардааст. Саёҳат ба ин нашрия гуфтааст, "масъалаи паноҳҷӯён мушкили ҳамагон аст. Ин ки кишварҳои онҳо харобу валангор шудааст, тақсири ин паноҳҷӯён нест ва онҳо бештар аз ҳар кадоми мо азоб мекашанд.”

Тасмими баҳсбарангези Доналд Трамп барои ба муҳлати се моҳ манъ кардани вуруди муҳоҷирон аз 7 кишвари мусалмонӣ ба Амрико мавҷи интиқодҳову эътирозҳоро барангехтааст. Бар асоси фармони Трамп, вуруди атбои Эрон, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Судон ва Яман барои 90 рӯз, қабул кардани паноҳҷӯён барои 120 рӯз ва пазируфтани паноҳҷӯён аз Сурия, ба истиснои масеҳиёни суриягӣба муддати номаъмул манъ мешавад.

Ба зидди ин қонун дар худи Амрико ва дар гӯшаҳои дигари дунё даҳҳо тазоҳурот доир шуд ва вазири адлияи Амрико ба далели норозигиаш ба ин қонун аз мақом барканор гардид. Як қозии амрикоӣ иҷрои фармони Доналд Трампро ба далели мухолифаташ ба қонунҳои ин кишвар манъ кардааст.

 

 

Барчасп