Феврал 06, 2017 16:39 Asia/Dushanbe
  • Пайдо шудани даҳумин ҷасад аз зери тарма

Имдодгарон мегӯянд, даҳумин ҷасадро аз зери тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд берун овардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Азия плюс, имдодгарон имрӯз 6 феврал, ҷасади мардеро пайдо карданд, ки рӯзи 28 январ дар роҳи  Душанбе –Хуҷанд нопадид шуда буд.

Ин даҳумин ҷасаде аст, ки аз замони резиши тарма, дар рӯзҳои 28 ва 29 январ дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон пайдо мешавад.

Масъулони Кумита ҳолатҳои фақулодаи  Тоҷикистон мегӯянд, ҳамаи ҷасадҳо ба наздикон ва пайвандонашон супурда шудааст.

Дар ҳамин ҳол ба ҷуз корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб ҷон бохта, дар бораи ҳувияти дигар афроди ҷон бохта, дар зери тарма иттилое нашр нашудааст.

Масъулони IRS- ширкати масъули нигоҳубини ин танҳо шоҳроҳи байни вилояти Суғд ва боқӣ қаламрави Тоҷикистон мегӯянд, ки тоза кардани роҳ аз километри 54 то 53 (аз Ҳушёрӣ то Майхӯра), ки рӯзи ҷумъа дигарбора зери ғарами барфи тарма монд, ҳанӯз идома дорад.

Оҷонсии обуҳавошиносӣ ва кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор додаанд, ки хатари тармаҳои нав ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳистони Тоҷикистон, ба хусус дар роҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз мардум хостааст, дар ин рӯзҳои пурхатар аз сафар ба манотиқи тармахез ҳаддалимкон худдорӣ кунанд ва ҷони худу наздикони худро ба хатар наандозанд.