Феврал 06, 2017 19:30 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Қатар 8 санади ҳамкорӣ имзо карданд

Мақомоти Тоҷикистон ва Қатар имрӯз дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Давлати Қатар дар Давҳа-пойтахти ин кишвар ҳашт санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо ҳавасмандияшонро барои густариши ҳамкориҳо баён доштаанд: “Барои беҳтару хубтар гардидани ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Ширкати консталтингӣ, бонки инвеститсионию тиҷоратии Қатар дар Тоҷикистон ва таъсиси Бунёди молиявии Қатар амали муҳим арзёбӣ шуд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ҷониби Қатар метавонад ба рушду густариши бештари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон тавассути дастгирии молиявии татбиқи лоиҳаҳои хурду миёна, маблағгузории лоиҳаҳои энергетикиву обии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, неругоҳҳои барқи обии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, ба роҳ мондани парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва содироти он ба Давлати Қатар, ҳамчунин фароҳамсозии шароити мусоид барои содироти оби хушсифати нӯшокии кишвари мо ба давлати худ фаъолона иштирок намояд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур ҳар ду ҷониб рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоиро аз имконоти дигари густариши муносибатҳо маънидод карданд: “Пешниҳод гардид, ки як гуруҳи муштарак барои таҳияи стратегияи ҳамкорӣ дар бахши саёҳат таъсис дода шавад. Ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар бошад, иқдоми муассире дар самти тавсеаи имкониятҳои рафтуомади саёҳон хоҳад шуд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, дар пайи анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният;

Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар;

Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ;

Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Ҳачунин гуфта мешавад, масоили амниятӣ, таъмини сулҳу субот дар кишварҳои исломӣ, баррасии авзои сиёсии Афғонистон ва ҳамкориҳои  Тоҷикистон ва Қатар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, ҳамчун Созмони Ҳамкории Исломӣ аз дигар мавзуоти ин гуфтугӯҳо буд.

Барчасп