Афзоиши саҳмияи таҳсилии донишҷӯёни тоҷик дар Русия
(last modified Wed, 08 Feb 2017 06:04:45 GMT )
Феврал 08, 2017 11:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши саҳмияи таҳсилии донишҷӯёни тоҷик дар Русия

Сафири Русия дар Тоҷикистон аз афзоиши саҳмияи таҳсилии донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои кишвараш хабар дод.

Ба гузориши сайти Спутник, Игор Фролов ҳамзамон бо оғози сабти номи донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия гуфтааст, ки имсол 600 нафар ба саҳмияи донишҷӯёни тоҷикистонӣ афзуда мешавад.

Фролов афзуд: Ҳар сол аз Тоҷикистон 4 ҳазор нафар барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия эъзом мешаванд, ки ба далели зиёд будани теъдоди хоҳишмандон, Маскав имсол 600 саҳмияи дигарро ба онон ихтисос додааст.

Сафири Русия дар Душанбе гуфт: Ҳамакнун беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия дар риштаҳои мухталиф таҳсил мекунанд.

Вай афзуд: Дар чаҳор шӯъбаи донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон низ 8 ҳазор донишҷӯи тоҷик машғул ба таҳсил ҳастанд.

Боло будани сатҳи омӯзиш ва таъмини ҳазинаҳои таҳсилӣ аз сӯи давлати Русия сабаб шудааст, ки бештари ҷавонони тоҷикистонӣ мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд.

 

Барчасп