Феврал 08, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 138 миллион доллар барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон аз ихтисоси 138 миллион доллар барои бозпардохти қарзҳои хориҷии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сайти Авесто, ин маблағ баробар бо ҳудуди ду дарсад аз кулли тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Бар асоси ин гузориш, қарзи хориҷии Тоҷикистон соли гузашта ба 2 миллиарду 300 миллион доллар афзоиш ёфта, ки бо 32 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар баробар аст.

Дар соли 2016 мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар муқоиса бо соли қабл наздик ба 80 миллион доллар афзоиш ёфт.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2016 барои бозпрдохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 158 миллион доллар ҳазина шудааст.

Чин бузургтарин қарздиҳанда ба иқтисоди Тоҷикистон буда ва беш аз ними қарзҳои хориҷии давлати Душанбе марбут ба Чин аст.

Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Бонки Рушди исломӣ аз ҷумлаи ниҳодҳои байналамилалие ҳастанд, ки номи онҳо дар феҳристи талабкорон аз ҳукумати Тоҷикистон ба чашм мехӯрад.

 

Барчасп