Феврал 08, 2017 12:56 Asia/Dushanbe
  • Рафтуомади мақомоти кишварҳои мухталиф ба Тоҷикистон дар моҳи феврал

Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда мизбони сарон ва мақомоти баъзе кишварҳои ҷаҳон хоҳад буд.

Ба гузориши сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, раиси парлумони намояндагони Чехия Ян Гамачек ба ҳамроҳи ҳайате аз мақомоти ин кишвар даҳум ва дувоздаҳум феврал ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Ҳамчунин понздаҳум ва ҳаждаҳуми феврал Салоҳиддин Раббонӣ вазири умури хориҷаи Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия низ аз сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи феврал хабар додааст.

Ҳарчанд Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳеҷ хабаре дар ин бора мунташир накардааст.

Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки раиси Ҷумҳурии Русия дар ин сафар дар бораи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Авруосиё бо Эмомалӣ Раҳмон музокира кунад.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Путин дар ин сафар ба музокира иктифо нахоҳад кард ва имзои мақомоти тоҷикро барои пайвастан ба Иттиҳодияи Авруосиё хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад ҷониби Тоҷикистон барои сафари Путин даҳҳо баста санад ва тафоҳумномаро омода кардааст.

 

Барчасп