Муаррифии тарҳҳои энержии Тоҷикистон барои сармоягузорони қатарӣ
Муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар дидор бо сармоягузорон, фаъолони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои молии қатарӣ дар Давҳа бо муаррифии тарҳҳои сохти чанд неругоҳи барқи обии нав дар ин кишвар аз онон даъват кард, ки дар ин пружаҳо сармоягузорӣ намоянд.
Ба гузориши сайти Азия-плюс, Ҷамолиддин Нуралиев дар ин дидор таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дорои зарфияти тавлиди 527 миллиард киловатт-соат барқ мебошад, ки дар ҳоли ҳозир танҳо панҷ дарсад аз ин тавонмандӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Вай аз ду неругоҳи барқи обии Норак бо зарфияти тавлиди се ҳазор мегаватт ва неругоҳи дар ҳоли сохти Роғун бо зарфияти тавлиди се ҳазору 600 мегаватт барқ ба унвони тарҳҳои нодир дар ин кишвар ёд кардааст.
Ба гуфтаи Нуралиев, дар Тоҷикистон 23 тарҳи сохти неругоҳҳои бузург ва миёнаи барқи обӣ бо зарфияти тавлиди барқ ба мизони аз 250 то се ҳазор мегаватт таҳия шуда, ки сармоягузорони қатарӣ метавонанд дар ин пружаҳо сармоягузорӣ кунанд.
Аз ҷумлаи ин тарҳҳо метавон ба сохти неругоҳҳои нави барқи обӣ рӯйи рӯдхонаҳои Вахш, Панҷ, Омӯ, Зарафшон, Сурхоб ва Хингоб ишора кард, ки дар сурати пайдо шудани сармоягузор, Тоҷикистон метавонад ба кишвари муҳими содиркунандаи барқ дар минтақа табдил шавад.
Дар ҳоли ҳозир ба далели каму зиёд шудани оби рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ, Тоҷикистон дар тобистон бо изофатавлиди беш аз панҷ миллиард киловатт-соат барқ ва дар зимистон бо буҳрони камбуди наздик ба се миллиард киловатт-соат барқ рӯ ба рӯ мебошад.