Феврал 10, 2017 17:43 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Парвозҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон пас аз 25 сол аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии ширкати ҳавопаймоии "Сомон-эйр"-и Тоҷикистон, аз имрӯз парвозҳои Душанбе - Тошканд - Душанбе, пас аз 25 сол барқарор шуд.

Дар аввалин парвози Душанбе –Тошканд, намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар ва 14 сарнишину хабарнигор, мусофири ин хати ҳавоӣ буданд.

Торихи парвози баъдии Душанбе - Тошканд - Душанбе 20-уми феврал эълом шудааст.

Тавофуқ барои барқарории парвозҳои дуҷониба байни Душанбеву Тошканд декабри соли 2016 миёни мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба имзо расида буд.

 

 

Барчасп