Даст кашидани “Газпром” аз кор дар майдони “Сариқамиш”-и Тоҷикистон
(last modified Sat, 11 Feb 2017 05:50:21 GMT )
Феврал 11, 2017 10:50 Asia/Dushanbe
  • Даст кашидани “Газпром” аз кор дар майдони “Сариқамиш”-и Тоҷикистон

Ширкати “Газпром”-и Русия аз идомаи иктишофи газ дар майдони гази “Сариқамиш”, воқеъ дар 36-километрии ғарби Душанбе  даст кашид.

Ба гузориши сойти “ТопТҶ”, мудирияти ин ширкати русӣ бо ирсоли номае ба Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, аз идомаи корҳои иктишофӣ дар майдони гази “Сариқамиш” даст мекашад.

Ҷумъа Хол, раиси Сарраёсати геологияи Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтааст, ки ширкати “Газпром”-и Русия дар ин нома иллати аз кор даст кашидани худро шарҳ надодааст.

Соли 2010 мақомоти Тоҷикистон аз вуҷуди захоири азими газ дар майдони гази “Сариқамиш”, ғарби Душанбе хабар дода, таъкид мекарданд, ки бо истихроҷи газ аз ин минтақа на танҳо ниёзи ин кишвар бароварда мешавад, балки заминаи содироти ин навъи сӯхт ба хориҷ низ фароҳам хоҳад шуд. Бо ин ҳол, ширкати “Газпром”-и Русия бо вуҷуди ковиш дар умқи беш аз 6 500-метрии ин майдон ба захоири қобили истихроҷи газ даст наёфтааст. Коршиносон мизони захоири шиносоишудаи гази ин майдонро беш аз 18 миллиард метри мукааб унвон кардаанд, ки дар умқи 5-7-ҳазорметрии замин воқеъ шудааст ва ба сармоягузори калони молию  таҷҳизоти пешрафта барои истихроҷ ниёз дорад.  “Газпром” дар соли 2016 эълом карда буд, ки ба далели набудани сарфаи иқтисодӣ ва боло будани андози иктишофи захоири газ иҷозатномаи фаъолият дар ду майдон, "Сариқамиш" ва "Шоҳанбарии ғарбӣ"-ро ба Ҳукумати Тоҷикистон бозпас хоҳад дод.