Истиқбол аз нахустин парвози ҳавопаймо миёни Душанбе - Тошканд пас аз 25 сол
(last modified Sun, 12 Feb 2017 04:56:13 GMT )
Феврал 12, 2017 09:56 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз нахустин парвози ҳавопаймо миёни Душанбе - Тошканд пас аз 25 сол

Анҷоми нахустин парвози ҳавопаймои мусофбарӣ миёни Душанбе – Тошканд пас аз 25 сол, бо истиқболи мақомот ва мардуми Тоҷикистон ва Узбакистон рӯбарӯ гардид.

   Ба гузориши сомонаи Спутник, нахустин парвози ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон дар масири Душанбе - Тошканд – Душанбе пас аз 25 сол, мавриди истиқболи масъулини ду кишвар ва мардум воқеъ шудааст.

   Томас Халлам, сарвари кулли ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин парвоз озмоишиву фаннӣ буда, парвозҳои доимӣ аз рӯзи 20 феврал оғоз мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин сафар ҳайати фурудгоҳ ва ҳам ширкати “Сомон Эйр” ҳузур доранд, ки масъалаи боз кардани хатсайрҳо ба шаҳрҳои дигари Узбакистон, нархи билет, шумори парвозҳо аз ҳарду ҷонибро баррасӣ хоҳанд кард.

   Дар фурудгоҳи Тошканд мусофирони тоҷикистониро бо гармӣ ва хуш омадгӯӣ ба забони тоҷикӣ мавриди истиқбол қарор доданд ва бастагони мусофирони тоҷикистонӣ дар Узбакистон, ки беш аз ду даҳа аз имкони сафар ба Тоҷикистон маҳрум буданд, барқарории парвозҳо миёни ин ду кишвари ҳамсояро ба унвони фоли нек гирифтаанд.

   Таърихи парвози баъдии Душанбе - Тошканд – Душанбе, 20 феврали соли ҷорӣ эълом шудааст.

   Тавофуқ барои барқарории парвозҳои дуҷониба байни Душанбе ва Тошканд, пас аз 25 сол дар моҳи декабри соли 2016, дар нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.