Чораандешии давлат барои афзоиши ҷамъият дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13355-Чораандешии_давлат_барои_афзоиши_ҷамъият_дар_Тоҷикистон
Ҷамъияти Тоҷикистон, дар ҳоли афзоиш аст ва дар соли 2030 ҷамъияти ин кишвар ба 11.5 миллион нафар хоҳад расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 13, 2017 12:52 Asia/Dushanbe
  • Чораандешии давлат барои афзоиши ҷамъият дар Тоҷикистон

Ҷамъияти Тоҷикистон, дар ҳоли афзоиш аст ва дар соли 2030 ҷамъияти ин кишвар ба 11.5 миллион нафар хоҳад расид.

Ба гузориши хабаргузории Авесто, чораандешии мақомоти Тоҷикистон дар сурати афзоиши ҷамъият дар санади миллии роҳбурдии рушди Тоҷикистон, то соли 2030 дарҷ шудааст.

Бар асоси ин санади миллӣ, афзоиши ҷамъияти ҷӯёи кор дар Тоҷикистон суръати рушди иқтисодиро металабад. Ҳудуди 60 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2030-ро афроди дорои қобилияти кор ташкил медиҳад, ки дар сурати истифодаи дуруст аз ин манобеъи бузурги инсонӣ ва таъмини шаҳрвандони бо ихтисоси кори муносиб, ба нерӯи муҳаррике дар рушди иқтисодии Тоҷикистон мубаддал хоҳад шуд.

Дар ин санад ҳамчунин омадааст, бисёре аз кишварҳои осиёӣ, ки воқеиятҳоро ба фурсат табдил кардаанд, ба мароҳили болотари рушд ҳаракат намудаанд ва агар Тоҷикистон натавонад аз ин фурсатҳо истифодаи лозимро бикунад "фурсат афзоиши ҷамъият" ба "таҳдиди афзоиши ҷамъият" табдил мешавад.

Бар асоси санади миллии роҳбурдии рушди Тоҷикистон, насли ҷавони то 20 солаи Тоҷикистон дар соли 2015, 45 дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медод, ки ин афрод дар соли 2030 асоси нерӯи кор хоҳанд буд.

Бар асоси охирин омор, ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2016 , 8 миллиону 600 ҳазор нафар буд.

Афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар дар сол аст, ки қабл аз ин 150 ҳазор нафар буд.

Тирамоҳи  соли 2016 давлати Тоҷикистон, санади миллии роҳбурдии рушди Тоҷикистон, то соли 2030-ро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он дар соли 2019 ҷамъияти Тоҷикистон ба 9.2 миллион нафар хоҳад расид.