Август 04, 2016 12:01 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани як низомии рус дар Тоҷикистон

Як низомии руси маъмур ба хидмат дар Тоҷикистон дар ҷараёни даъвои шахсӣ дар вилояти Хатлон кушта шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Алексей Буенков, сержанти пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа пас аз даргирӣ бо гурӯҳе аз ҷавонон дар як тафреҳгоҳ кушта шудааст.

Шабакаи дувуми телевизиони давлатии Русия рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз сарҳанг Ярослав Ропушкин, дастёри фармондеҳи Ҳавзаи низомии марказии Русия эълом кард, дар натиҷаи таҳқиқот маълум шуд, ки иллати қатл муноқиша бо ҷамъе аз ҳозирин будааст. Бинобар ин гузориш, пайгириҳои додгоҳӣ ва таҳқиқотӣ дар ин замина идома дорад.

Фаъолияти пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон қарор дорад, то соли 2042 тамдид шудааст.

Барчасп