Феврал 13, 2017 20:04 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи қонуни “Бехатарии сейсмикӣ”дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ҳадафи коҳиши хатар ва хисороти ношӣ аз заминларза, тарҳи қонун дар бораи “Бехатарии сейсмикӣ”- ро баррасӣ кард.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон, Муҳаммадато Султонов- сухангӯи парлумони ин кишвар гуфтааст, дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагон тарҳи қонун мавсум ба “Бехатарии сейсмикӣ”, муқаррароти марбут ба муқовимсозии биноҳо дар баробари заминларза ва огоҳ кардани мардум аз хатар ин балои табиӣ баррасӣ шуд.

Пеш аз ин як муассисаи вобаста ба Созмони милал мавсум ба “ИНФОРМ” бо интишори феҳристе эълом кард, ки Тоҷикистон дар байни 191 кишвар, дар миёни даҳ кишвари зилзилахези ҷаҳон ва дар миёни ин 10 кишвар низ дар ҷойгоҳи ҳафтум қарор гирифтааст.

Ҳамчунин бар асоси эъломи ин муассисаи байналмилалӣ, аз ҳаддиаксари шиддати 10 баллии заминларза, эҳтимоли вуқӯъи заминларзае ба бузургии 9.7 дар Тоҷикистон дӯр аз интизор нест.

Дар феҳристи 10 кишвари зилзилахези ҷаҳон, Эрон дар ҷойгоҳи нахуст ва Ҷопон дар раддаи даҳум қарор дорад.

Дар ин феҳрист, Узбакистон ва Қирғизистон низ ба тартиб сеюмин ва шашумин кишвари зилзилахези ҷаҳон ҳастанд.

Барчасп